ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №6 БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

Ёвон:  

Ҷашни Наврӯз фархундапай Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 6-и ноҳия, бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шуд. Ҷомеи устодону шогирдон ва сокинони деҳаи Қамбарӣ Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова бо рӯҳияи идона ба идгоҳ омада ин ҷашни миллии тоҷиконро истиқбол намуданд.

Пешниҳоди таомҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии либосҳои миллӣ ба тантанаҳо зиннати хоса бахшид, Ҳамчунин барномаи пурмӯҳтавои омоданамудаи муҳассилини муассиса, ки муҳтавои тараннуми Навруз, истиқлоли Ватан ва суннатҳои хосаи ниёгон буданд, таъби иштирокдоронро болида гардонид.