ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

Ёвон: Созандагони ватан  

Мулоқоти директори Муассисаи тасилоти миёнаи умумии №6 Алипов Додарбек бо аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар мавзуи муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои ватандории ҷавонон баргузор карда шуд.Устод дар баромадашон қайд карданд, ки дар ҷаҳони муосир тағйироти куллӣ ба амал омада, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ моро водор месозад, ки дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамеша омода бошем. Барои комёбӣ дар ин ҷода тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ шарти муҳим ба шумор меравад. Ҷавонон ояндаи миллат мебошанд, онҳо бояд моҳияти ватандӯстиву арзишҳои миллиро хуб бояд дарк намоянд. Онҳо набояд фаромӯш сохта бошанд, ки ватан зодгоҳ ва макони муқаддаси фарзандони фарзонаи ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Калимаи Ватан чунон ҷаззобияте дорад, ки бо шунидани он хонаву дар, гаҳвораву модари меҳрубон пеши назар меояд. Шояд аз ҳамин нигоҳ бошад, ки бузургони мо мафҳум ва маънии Ватанро бо калимаҳои Модар, садоқат, оила, миллат алоқаманд медонанд. Бале, беҳуда Ватанро сарнавишту қисмати ҳар як инсон ва модари мушфиқу меҳрубон нагуфтаанд.

Дар ҳақиқат модарони меҳрубони мо – офарандаву бадунёоварандаи мо инсонҳо бошанд, пас, Ватан бо меҳру муҳаббати навозишкоронаи хеш моро дар бар гирифта, барои кору фаъолият ва идомаи ҳаёти рангини мо оғӯш кушодааст. Ба андешаи мо, ҳар як халқу миллат бояд Ватан–Модар, марзу буми онро дӯст дорад ва ҳамчун фарзандони вафодори Ватан барои ҳастии он ҷоннисорӣ намояд. Ватан-Модар ба ҳам ҳаммаъно буда, мафҳуму маънии бузургро доранд. Ба андешаи мо Ватан ин ифтихор, шаъну шарафи ҳар инсони комил, неъмати бебаҳое, ки Офаридгор ато намудааст ва дурри гаронбаҳоест, ки он ба ҳеҷ ганҷу сарвате баробар карда намешавад. Бинобар ин, мо бояд Ватани хешро дӯст дорем. Зеро оромиву осудагӣ ва шукуҳу гулгулшукуфии Ватан ба ҳар сокини он вобастагӣ дорад.