Мирзоев Сафаралӣ Абдулмаҷидович – Муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Мирзоев Сафаралӣ Абдулмаҷидович 2 ноябри соли 1985 дар деҳаи Гулистон, ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик.

Мирзоев Сафаралӣ соли 1992 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Восеъ таҳсилро оғоз намуда, соли 2003 ҳамин муассисаро хатм намудааст.

Баъди хатми муассисаи мазкур ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, соли 2008 факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳи мазкурро хатм намудааст.

Дар баробари таҳсил дар Донишгоҳ курси журналистони ҷавони маркази иттилоотии Хатлон-Прессро хатм намудаааст.

Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ дар МТМУ №17-и ноҳияи Восеъ кору фаъолият намудааст.

Соли 2009 ба сифати котиби матбуоти раиси ноҳияи Восеъ қабул шуда, дар вазифаи мазкур то соли 2011 фаъолият намудааст.

Моҳи майи соли 2011  ба ҳайси сармутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси н. Восеъ фаъолият намудааст.

Барои идомаи таҳсил соли 2013 ба ҳайси магистрант ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, декабри соли 2014 онро хатм намудааст.

Баъди хатми Донишгоҳ аз соли 2015 ба мансаби мутахасиси бахши бойгонии МИҲД н. Восеъ ба кор қабул шуда, баъдан аз моҳи декабри ҳамон сол ба тариқи гузариш дар вазифаи сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2016 ба мансаби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси н. Восеъ таъин гардида, то соли 2020 дар мансаби мазкур адои вазифа намудааст.

Аз моҳи январи соли 2020  ба ҳайси муовин- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар н. Восеъ таъин гардида,  то ба ҳол дар ин вазифа фаъолият намуда истодааст.

Аз апрели соли 2010 ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо мебошад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.