Сафар Ҳафиза Разоқ – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Сафар Ҳафиза Разоқ санаи 01.10.1965 дар деҳаи Заркорон  ноҳияи Восеъ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидои ва миёнаро дар МТМУ №1   ноҳияи Восеъ гирифта, соли 1983 ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб факултети педагогика ва психология дохил шуда, соли 1987 Донишгоҳро бо гирифтани диплом аз руи ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидои   хатм менамояд.

Сафар Ҳафиза Разоқ фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоии дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №1 оғоз  намуда, сипас дар вазифаҳои ҷонишини  директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва  61 кору фаъолият намудааст.

Солҳои 1987-1996 омӯзгори синфҳои ибтидоии дар муассисаи миёнаи №1, аз солҳои 1996-2007 ҷонишини  директори муассисаи таълимӣ №61 ноҳияи Восеъ, солҳои 2007-2018 мудири шуъбаи  кор бо занон ва оилаи мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, аз моҳи июни соли 2018 то моҳи сентябри соли 2018 мудири бахши бойгонии мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, аз 1 октябри соли 2018 раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  фаъолият менамояд.

Соли 1988 бо шаҳрванд Иброҳимов Салоҳиддин оила бунёд намуда соҳиби 4 фарзанд мегардад.  Иброҳимов Салоҳиддин ҳамчун корманди ВКД соли 1998 ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ дар шаҳри Кофарниҳон (Ваҳдат) ҳалок мегардад.

Ҷиҳати иҷрои корҳои самаранок ва манфиатовар ба ҷомеа Сафар Ҳафиза Разоқ  соли 2015 бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ, солҳои 2012, 2013 ва 2014  бо Ифтихорномаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз  гардидааст.

             Аз соли 1998 ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо мебошад.

   Сафар Ҳафиза Разоқ  оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошад.