Таъмири муассисаи таълимӣ ва ивази шиору овезаҳо

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак дар МТМУ №34-и ноҳияи Восеъ ҳамоиши хатмкунандагон зери унвони "Мактаби ман!" гузаронида шуда буд, ки дар натиҷа бо дастгирии онҳо  як қатор синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуда, барои гузаронидани дарсҳо пурра омода гардиданд.

Дар муассисаи таълимии мазкур синфхонаҳо таъмир гардида, ҳатто шиору овезаҳо бо сифати хуб чоп шуда овезон карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар муассисаи таълимии мазкур корҳои ободони доимо идома ёфта, бо дастгирии нафарони имкониятдошта ва саховатмандон мушкилиҳои мавҷуда бартараф карда мешаванд.