Баргузории Рӯзи ёдоварӣ бо иштироки фаъолони деҳа

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Кадучӣ Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов бо иштироки кормандони ҷамоат, вакил ва имомхатиби деҳа атрофи оромгоҳ тариқи ҳашар тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони имкониятдошта ва саховатпеша ҷиҳати обод намудани оромгоҳҳо ва панҷарабандӣ намудани атрофи онҳо саҳми худро мегузоранд.

Ҳатто барои сабзонидани дарахтони сояафкану ороиши дар оромгоҳи деҳаи Гулистон, Ҷамоати деҳоти Гулистон бо дастгирии соҳибкори саховатпеша хати об кашида шудааст, ки тариқи қатрагӣ дарахтон бо об таъмин мегарданд.