КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ҶАРАЁН ДОРАД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи иҷрои корҳои ободонию созандагӣ мувофиқи нақшаи таҳияшуда бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Восеъ корҳои таъмиру сохтмонӣ бо маром идома доранд. Фаъолон ва соҳибкорон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев барои сангфарш намудани роҳҳои деҳа ва кӯчаҳо иқдоми хайрхоҳонаро ба ӯҳда гирифта саҳми худро гузошта истодаанд. 

Мавриди зикр аст, ки Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев яке аз ҷамоатҳои сераҳолии ноҳия маҳсуб ёфта дар он корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Масоҳати сангфаршкунии мазкур зиёда аз 1,4 километрро дар бар гирифта тасмим аст, ки ин иқдом дар дигар деҳаҳо низ амалӣ карда шавад.