МАЪЮБОН ВА НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶӮҲИ ДОИМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҚАРОР ДОРАНД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ёрӣ ба ниёзмандон ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо муваффақият амалӣ мегардад. 

Дар пайравӣ ба ин иқдомҳои хайрхоҳона ва инсонпарваронаи Сарвари давлат ва вобаста ба фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нафақаи ҳизбӣ, ба падари маъюб Тағоева Шаҳноза аз ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ мебошад, аз ҷониби масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дастрас карда шуд.

Бояд қайд намоем, ки маъюбону ятимон, бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат мунтазам аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаи ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбонро аз фазилатҳои неки инсонӣ маънидод мекунанд.