ХОҶАГИДОРИ БЕҲТАРИН АЗ ЗАМИН ЯКЧАНД ҲОСИЛ МЕРӮЁНАД

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни “35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамзамон ҳавасманд гардонидани аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон озмунҳои ҳизбиро аз руйи номинатсияҳои “Хоҷагии беҳтарин”, “Оилаи кишоварзи сол” ва “Хазинадори беҳтарин” роҳандозӣ кардааст.Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дидан намуда, дар натиҷа хоҷагии деҳқонии “Назармад” яке аз беҳтаринҳо дониста шуда, соҳиби ҷои аввал гардид.

Мавриди зикр аст, ки Хоҷагии деҳқонии “Назармад” воқеъ дар ҷамоати деҳоти Тугарак зери роҳбарии Олимов Назармад мебошад. Зимни боздид муайян карда шуд, ки дар хоҷагии номбурда ҳар як ваҷаби замини дар ихтиёрдошта самаранок истифода бурда шудааст ва аз ҳама муҳим баъди кишти гандум, дар замин пахта, ҷуворимакка, лӯбиёдонагӣ дар қисми дигари замин сабзавоту меваҷот кишт карда шудааст, ки ин аз самаранок ва мақсанок истифода шудани замин шаҳодат медиҳад.