ПОСИ ХОТИР БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА

Восеъ:  

Чун анъана ба муносибати ҷашнгирии Иди Ғалаба дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия рӯзҳои поси хотир бо маром идома дорад. Омӯзгорону хонандагон сарҷамъона ба назди нимпайкараи афсарони номаълум ва нафароне, ки дар роҳи ватан шаҳид гардидаанд, бо гулу гулдастаҳо ташриф оварда рӯҳи шаҳидонро шод мегардонад.Дар Муассисаи таълимии №33-и ноҳияи Восеъ низ аз ҷониби хонандагон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузор намудани ин чорабиниҳо дар замири хонандагон парваридани меҳри ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва эҳтиром гузоштан ба меҳнату заҳмати нафароне, ки ҷони худро баҳри муҳофизати модар - ватан аз даст додаанд мебошад. Руҳу равони шаҳидони роҳи ватан шод бод. Ин аст шиори омӯзгорону хонандагон.