Аёдати собиқадори меҳнат дар арафаи Иди Ғалаба

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба таҷлили “Рӯзи Ғалаба” санаи 07.05.2024 аз тарафи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ-Сафар Ҳафиза, раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ- Азизов Иброҳим ва Рузизода  Ҷамила-мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳия аёдати собиқадори меҳнат  Мадхон Шариф ба роҳ монда шуд.Зимни аёдат гуфта шуд, ки имрӯз сокинони Тоҷикистон шукрона мекунанд, ки дар Ватани маҳбуби мо сулҳу субот пойдор аст ва мо дар шароите, ки дар кишварамон ваҳдати миллӣ ва фазои созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост, ба хотири ободии диёрамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон бо заҳмати созанда машғулем. Ҳимояи ин неъмати бузург, яъне амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо ва наслҳои оянда вазифаи муқаддас мебошад.Бояд қайд намоем, ки аз иқдоми пешгирифтаи КИ ҲХДТ дар ноҳия Мадхон Шариф –собиқадори меҳнат хушнуд гардида, пеш аз ҳама Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ва ташаббускорони ин иқдомро дуои хайр намуданд.