Омодагиҳо ба истиқболи 9-уми май рӯзи иди ғалаба дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ

Восеъ:  

Бахшида ба таҷлили 9-май рӯзи Ғалаба бар фашизм, ки барои мардуми Тоҷикистон санаи муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи хотирмон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор гардида истодааст.Зимни ҳашарҳои ободонӣ иштирокдорон ба тоза намудани гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, тоза намудани атрофи гулҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабз аз алафҳои бегона ва нарм намудани зери онҳо, инчунин тоза намудани ҷӯйбору роҳравҳо камари ҳиммат бастанд.