КОРҲОИ ГУЛШИНОНИ ДАР ГУЛГАШТИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия пайваста Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардида истодааст.Гулҳо ин худ инъикосгари зебогиҳо мебошад. Имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои кишварамон навъҳои гуногуни гулҳои мавсими парвариш карда мешавад. Дар ноҳияи Восеъ низ бо мақсади зебоипарастӣ ва нишон додани ҳисси ватандӯстӣ, сарсабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, назди идоораву корхона ва ташкилоту муассисаҳо, бо назардошти имкониятҳои мавҷуда бо супориши раиси ноҳия мӯҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон корҳои гулшинонӣ дар майдони Гулгашти ноҳия роҳандозӣ гардид. Баҳри гулпушу сабзпуш намудани ноҳияи Восеъ кормандони ташкилоти ибтидоии “Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии камунали манзили”-и  ноҳия дар майдони мазкур 16000 гулҳои гуногуни ороишӣ шинонда, саҳми хешро дар боз ҳам зеботар  гардидани симоӣ ноҳия гузоштанд.