БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия пайваста Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардида истодааст. Ин навбат дар асоси нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии “КАТС” дар ноҳия аксияи тозагӣ дар назди ташкилоти мазкур бо иштироки масъулини ҳизбӣ доир карда шуд. Дар аксияи мазкур гирду атрофи ташкилот, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуд.