Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми ҷанговарони Тоҷикистон

Восеъ: Андеша  

Тоҷикистон ҳамчун давлати хурд дар замони Иттиҳоди Шурави нақши бузургро бозидааст. Дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ғайраҳо нақшаҳои пешниҳодшудаи Иттиҳоди Шуравиро барзиёд иҷро мекард. Инчунин шаҳрвандони мо ҳамчун мутахассис дар бунёди иншоотҳои бузурги он замон саҳми худро гузоштаанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бошад, аз кишвари мо низ ҷанговарони зиёд ҷалб карда шуда онҳо баҳри дифои сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ бо душман ҷангидаанд. Дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор фарзандони Тоҷикистон иштирок карданд, ки қисме аз онҳо дар майдонҳои ҳарбу зарб ҷон додаанд. Барои қаҳрамонони бемислу монанд, корнамоиҳо ва шуҷоату мардонагӣ 63-нафари онҳо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар бо ордени Шараф ва даҳҳо ҳазори дигар бо нишону медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд. Бо мақсади зиёд намудани эҳсоси ватандӯстии насли наврас ҳамасола санаи 9-май ҳамчун Рӯзи Ғалаба дар кишвари мо таҷлил мегардад. Дар ҳар як ҷашнҳои баргузоргардида, аз корнамоиҳои фарзандони Тоҷикистон қисса карда мешавад. Дар ҳақиқат овони хурдии мо калоносолон аз замони ҷанги ҷаҳонӣ қисса мекарданду, дар баробари нақли ҳодисаҳои бо чашм дидаашон оҳи сард мекашиданд. Ҳар як сонияву дақиқаи онҳо дар вақти ҷанг қаҳрамонист. Зеро мардуми мо аз майдони корҳои саҳрои ба сафи Артиши Иттиҳоди Шӯрави ҷалб мегардиду бо душмани мусаллаҳи дорои силоҳи замонавӣ дошта меҷангид.  Нақши ҷанговарони мо дар арсай ҷанг мунтазам қайд мешуд. Барои мо боиси ифтихор аст, ки аз кишвари азизи  мо фарзандони бонангу номус баҳри ҳифзи сарзамини Иттиҳоди Шурави ҷангиданд. Ҳатто дар ақибгоҳ барои ҷанговарон тамоми лавозимотро омода намуда, бо мақсади ба даст овардани ғалаба шабонарӯзи дар муддати ҷанг фаъолият намуданд.

С.Мирзоев –муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ