Аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳояшон аҳли ҷомеаро ба анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва бемор даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамояд.

Дар ҳамин асос бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон масъулини ҳизбӣ ба аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуди ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Маркази Ситора” рафтанд.

Зимни аёдат раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ ба наврасон тӯҳфаҳои гуногунро супорида, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.