Рафти корҳои сохтмонӣ дар назди муассисаи таълимии ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59- и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб, омӯзгорон, падару модарони хонандагон саҳн ва атрофи муассисаи номбурда таъмир карда шуда, корҳо дар ин самт то ба ҳол ҷараён дорад.Бояд қайд намуд, ки мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест нафаре, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва хонандагон соҳибистеъдод мегарданд. Пас дар шароити хуб нигоҳ доштани мактаб вазифаи ҳар як шахси хирадманд мебошад.