АСОСҲОИ ТАШКИЛИ ТАДБИРҲОИ ҲИФЗИ АҲОЛИ АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДОРОИ ХУСУСИЯТҲОИ ТАБИИ ВА ТЕХНОГЕНИ

Восеъ:  

Саннаи 20 апрел соли равон дар натиҷаи боридани боронҳои пуршиддат дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз талу теппаҳои ноҳия қад қади сойи Шурак ба ноҳияи Восеъ, ки тақрибан 25 километрро дар бар мегирад ҷорӣ шуда ба иқтисодиёти ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва Абди Авазов зарар расонид.

Баъди огоҳи шудани коммисияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва комиссияҳои ҷамоати деҳот бо раисикунанда раиси ноҳия мӯҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон штаби шабонарӯзи тартиб дода,  сокинонро ба ҷойҳои бе хайф куӯонида дар кӯчаи хиёбонҳое, ки аз оби сел зарар диданд, бо шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ва ғайри давлати ҳарбӣ қувваи кори ташкил карда шуда, хонаҳоро аз обу лой тоза намуда истодаанд.