Вохӯрии раиси ноҳияи Восеъ ба шаҳрвандоне, ки аз омадани сел зарар иқтисоди дидаанд.

Восеъ:  

Дар толори Муассисаи таълимии №17-и Ҷамоати деҳоти Гулистон бо иштироки раиси ноҳияи Восеъ мӯҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ба шаҳрвандони ҷамоати деҳоти Гулистон ва Абди Авазов, ки аз боришоти шадид ва омадани сел зарар иқтисоди дидаанд вохӯрӣ гузаронида шуд.

Зимни баромади худ Шарифзода Ҷамшед-раиси ноҳия  таъкид доштанд, ки МИҲД-и ноҳия аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ дар канори осебдидагон буд ва бо расонидани кӯмакҳои саривақтӣ саҳми хешро дар бартарафсозии оқибатҳои он гузошта истодааст.

Зикр шуд, ки зарари расонидаи офати табиӣ бо кӯмаку дастгириҳои намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони савобҷӯ ба пуррагӣ барқарор гардида, хонаҳои истиқоматӣ аз зарари офати табии бартараф карда хоҳад шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ зери назорати бевосита Раиси ноҳия қарор дошта, тамоми чораҳо андешида мешавад.