КӮМАКИ АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН” БА ОИЛАҲОИ АЗ ОФАТИ ТАБИИ ЗАРАРДИДА.

Восеъ:  

Агарчи фасли баҳор бо нам нами боронгариҳояш хуш аст, вале ҳамасола дар манотиқи гунонгуни Ҷумҳурии мо сар задани офатҳои табии дар ин айём ба назар мерасад. Аз ҷумла чунин як ҳодиса дар деҳаи Гулистони нохияи Восеъ сар зада, дар натиҷаи омадани сел якчанд хонаву магозаҳои сокинони деҳа зарар дида, корхои бартарафсози аз чониби масъулон ва сокинони деҳа идома дорад.Дар қатори дигар сокинон дар санаи 21.04.2024 бо супориши мудири Шуъбаи Маорифи ноҳияи Восеъ Орифзода Муҳаммад тамоми омӯзгорону кормандони техникии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Восеъ низ баҳри аз лойқа тоза намудани дохили хонаҳои истиқоматии сокинон ва роҳу кӯчаҳои ҷамоати деҳоти Гулистон, ки аз офати табии зарар дидаанд, сарҷамъона дасти кӯмаки худро расониданд. Сокинони зарардида аз дастгириҳои ҷавонмардонаи кормандони соҳаи маориф дар ин рӯзи сахт изҳори миннатдорӣ намуданд.