Ҷавонони фаъоли ноҳия низ баҳри кӯмак ба сокинони аз офати табии зарардида шитобиданд.

Восеъ: Созандагони ватан  

Дасти ҳамдигарро гирифтан, дар ғаму шодии якдигар шарик шудан, дар мусибат дар бари бародару хоҳари худ рост будан яке аз фазилатҳо хуб ва неки мардуми тоҷик мебошад. Ва аз чунин фазилатҳо сокинони ноҳияи Восеъ низ истисно нест. Чун чанд рӯз аст, ки дар бари шахсоне, ки аз боришоти шадид ва сел зарардидаанд рост мебошанд.Бояд қайд намоем, ки дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия корҳои тозаву сариштакунии сокинони аз офати табии зарардида то ҳол идома дорад. Дар ин кори хайр Волонтёрон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ҷавонони фаъоли ноҳия низ саҳми худро гузошта истодаанд. Онҳо аз сидқу дил ҳавлиҳои сокинонро аз лойобае, ки сел овардаст тоза намуда истодаанд.