Рафти корҳои ободони ва бунёдкорӣ дар ТИ “Беморхонаи Марказӣ”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар ин раван ба кишвари сабз табдил додани он дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аъзоёну ҷонибдорони ҳизбӣ ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ба аксияҳои дастаҷамъона баромада дар рафти корҳои ободониву созандагӣ саҳми бо мароми хешро гузошта истодаанд, ки ин навбат кормандони ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Маркази”-и ноҳияи Восеъ аксияи ободониву созандагӣ ва тозагиро ба роҳ монданд.Дар Аксияе, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ болозикр зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид, ҳашарчиён фаъолона ширкат варзида ба тоза намудани гирду атрофи ташкилот, бо тоза намудани бехҳои дарахтон ва гулҳои ороишӣ аз алафҳои бегона ва нарм намудани зери онҳо машғул шуда, баҳри боз ҳам зеботару ободтар гардидани Беморхона дар назди он гулҳои рангоранги ороишӣ шинониданд. Ҳамзамон дохили утоқҳои Беморхонаро рангубор намуда, аз таъмири ҷорӣ бароварданд.