БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ТОЗАГИЮ ОБОДОНӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор” корҳои тозагию ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №2”-и ноҳияи Восеъ баргузор карда шуд. Фаъолони ҳизбӣ дар атрофи бинои ташкилот корҳои тозагиро вусъат бахшида, замини гулҳо ва бехи дарахтонро нарм намуданд. Гирду атрофро аз алафҳои худруй тоза намуда, пояи дарахтонро сафед намуданд.Бояд қайд намуд, ки дар доираи Аксияи номбурда,  аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ба ҳашари дастаҷамъона баромада, саҳми хешро дар боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди ноҳия гузошта истодаанд.