РАСОНИДАНИ КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  масъулини ҳизбӣ ба аёдати яке аз зани ниёзманд ва маъюб Раҳимова Латифамо, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия рафта, дар рафти дидорбинӣ бо ин зан Сафар Ҳафиза Разоқ-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ суҳбат намуда, ба ин ашхоси осебпазир кӯмакҳои моддӣ расониданд.Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек дар арафаи иду ҷашнҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, шахсони маъюбу барҷомнда таҳти ғамхории доимӣ қарор дошта, онҳо бо кӯмакҳои моддӣ пайваста таъмин хоҳанд гашт.