ДАСТГИРИИ ТАБАҚАҲОИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА БАХШИДА БА ИДИ САИДИ ФИТР

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон, пиронсолон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб рафта маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби шахсони хайрхоҳу саховатпешаи ноҳияи Восеъ имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли дасти кўмак ва гамхорӣ зоҳир карда мешавад.Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи Иди Саиди Фитр аз ҷониби вакили мардумӣ Азизов С. ба зани барҷомонда ва эҳтиёҷманди Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳия кӯмаки  идона тақдим карда шуд.