АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон ва ниёзманду маъюб қарзи инсонии ҳар як фарди солимфикру тавоно ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои худ иброз доштанд: “Раҳму шавқат ва кӯмаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда, аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки қобили таҳсин ва амали хайру савоб шуморида мешавад.”Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии маъюбон, дар арафаи таҷлили Иди Саиди Фитр ба як нафар маъюби гуруҳи 1, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ аз ҷониби вакили ноҳиявӣ Азизов С. кӯмаки идона расонида шуд.