ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН” ДАР АМАЛ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ташаббусҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро пайваста миёни қишрҳои гунонгуни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар доираи ташаббуси “Мактаби ман” аз ҷониби собиқ хатмкунандаи муассисаи таълимии №37-и ноҳияи Восеъ,  Хоҷазода Даврон баҳри пешбурди фанни технологияи иттилоотӣ 10 адад компютер ба муассисаи мазкур тақдим карда шуд. Ин иқдоми ҷавонмардона нишона аз ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз иқдоми пешгирифтаи ин марди наҷиб омӯзгорону хонандагон изҳори сипос ва миннатдории бепоёни хешро баён намуданд.