Кӯмаки соҳибкорон ба хонандагони ятим дар арафаи Иди Саиди Рамазон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дасти ёрӣ дароз намудан ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд яке аз амалҳои хайру савоб ба ҳисоб рафта, ин анъана аз аззал байни халқи тоҷик роиҷ будааст, то инки дар ҳама ҳолат дастгири якдигар бошанд.Дастгирии ятимону бепарасторон ва аҳолии ниёзманд яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Дар пайрави аз иқдомҳои хайрхоҳонаи роҳбарияти Олии мамлакат, ки пайваста ба ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманд ғамхории зиёд зоҳир менамоянд, аз ҷониби соҳибкорони хайрхоҳу саховатпеша  дар арафаи Иди Саиди Фитр ба хонандагони ятиму бепарстори МТМУ №8 ва МТМУ №56-и ноҳияи Восеъ кӯмакҳои моливу модӣ расонида шуд.Имрӯзҳо соҳибкорону саховатмандон аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба бепарасторону ятимон дасти кӯмак дароз менамоянд.