АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мо бояд донем, ки ҳар як амали нек, хайру саховат бе ҷавоб намемонад. Он албатта чандин маротиба афзуда бармегардад. Онҳое, ки сарватманданд, бо каме ёрӣ додан камбағал намешаванд. Баръакс, давлаташон зиёда мешавад. Чунки ҳар як одами мӯҳтоҷ аз сидқи дил дуо мекунад ва дуои чунин касон албатта иҷобат мешавад.Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорон ва эҳтироми муаллим ҳамчун роҳнамову тарбиятгари ҷомеа маъмурияти ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи Маориф”-и ноҳияи Восеъ собиқадорони соҳаи маорифро дар арафаи Иди Саиди Рамазон аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расониданд.  Ҳангоми аёдат, собиқадорон аз ҳаяҷони зиёд худро дошта натавониста ашки шодӣ аз дидаҳояшон ҷорӣ шуданд. Аз ин иқдоми хайрхоҳона онҳо руҳу илҳоми болида гирифта, дар ҳаққи шахсони саховатпеша дуоҳои хайр намуданд.