АМАЛҲОИ ХАЙРХОҲОНА ҶАРАЁН ДОРАД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорон дар ҷомеа ва эҳтироми муаллим ҳамчун роҳнамову тарбиятгари ҷомеа ташаббуси ҷадиде дар бораи ташкили аксияи «Аёдати омӯзгор - беҳтарин савоб» рӯйи кор омад.Ин амали инсондустона дар баробари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар байни кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ низ сурат гирифт. Маъмурияти ташкилоти ибтидоии “ОИША” дар арафаи Иди Шарифи Рамазон ба кормандони ташкилоти мазкур кӯмаки яквақтаина расониданд.