Кӯмаки ниёзмандон дар арафаи Иди Шарифи Рамазон ҷараён дорад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар як нафаре, ки ба ин дунё меояд, ризқу рузиаш аз ҷониби Парвардигор дода мешавад. Нафароне, ки эҳсонкоранд ва дасти сахи доранд, дар зиндагӣ баракаташон афзун ва даромадҳояшон бештар мебошад. Эҳсонкорӣ, дастгирӣ, саховатманд будан барои ҳар як нафар мақоми хоса медиҳд.Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  ва бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша дар арафаи иди Саиди Фитр як нафар хонандаи синфи 11, ки  аз оилаи ниёзманд буд ва шароити супоридани маблағи бонкро надошт, барои супоридани ҳуҷҷатҳояшон дар Маркази миллии тестӣ дастгирӣ ёфт.