АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Гулобод МТМУ №33 ” аксияи тозагӣ доир гардид.Зимни баргузории аксияи мазкур ҳашарчиён гирду атрофи муассисаро тозаву озода намуда, бехҳои дарахтон ва гулҳои ороиширо нарм намуданд ва бо ин васила ба зебогиву ободиии муассиса саҳми муносиби хешро гузоштанд.Бояд қайд намуд, ки мо ҳама мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагони миллати тоҷик бояд баҳри обододиву сарсабзгардонии кишвари хеш талош намоем.