Аксияи «ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор» дар ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи Маориф”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар назди ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи Маориф”-и ноҳияи Восеъ корҳои ободонию гулшинонӣ гузаронида шуд. Дар ҳашари дастаҷамъона замини назди шӯъба нарм гардида зиёда аз 2000 гулҳои гуногуни ороишӣшинонида шуд, ки ба ҳусни ташкилот ҳусни дигари зебоӣ зам намуд, зеро гул рамзи зебогии табиат аст.Бояд қайд кард, ки ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани чунин як аксияи ҳизбӣ дубора талқин кардани амалҳои неки инсонӣ дар самти тозакориҳо дар байни аҳолӣ, алалхусус ҷавонону наврасон мебошад.Хотиррасон менамоем, ки аксияи ҳизбӣ зери унвони «ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор» ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе аз ҷониби кормандони  масъули ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ташкил ва гузаронида мешавад.