Мақсад: фароҳам овардани шароити хуб барои кӯдакони ояндасози кишвар

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади аз таъмири хушсифат баровардан ва муҳайё намудани шароити хуб барои кӯдакон дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Баҳористон-Боғчаи №1”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва падарону модарон корҳои азнавсозӣ ҷараён дорад.

Зимни боздид аз корҳои рангуборкунии утоқҳои кӯдакон ва ҷобаҷогузории катҳои хоби онҳо кормандони масъули ҳизбӣ қайд кардан, ки кӯдакон меваҳои ширинтарини бӯстони умри ҳар яки моянд. Ин меваҳои лазиз бояд бенуқсон ба воя расанд ва дар оянда коми  волидайни худро бо хулқи накӯву рафтори шоиста ва хидмати фидокорона ба манфиати диёри ободу зебоямон шодоб  гардонанд. Тарбияи фарзанди неку солеҳ муҳимтарин рисолати ҳар як падару модари банангу номуси тоҷик ва аҳли ҷомеа аст.