Ташаббуси ҳизбии “Соати Сиёсӣ” дар амал

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббуси ҳизбии “Соати Сиёсӣ” дар ташкилоти ибтидоии “Гулобод-МТМУ №33-и ноҳия бо иштироки омӯзгорони собиқадор ва роҳбари гуруҳи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия Олимов Умед Соати сиёсӣ  доир гардид.Зимни баргузории Соати сиёӣ  бо хонандагон оид ба мавзӯҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ҳарбии ватандӯстии шаҳрвандон”, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар рӯҳияи Ватаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, дур будан аз фарҳанги бегона, пешгирии таълимоти динии ғайрирасмӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва омода будани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуданд.