Хизмат ба Ватан-Модар вазифаи муқаддас аст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҷараёни баргузории корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонони синни даъватӣ оид ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Нуғаев Илҳом, сокини ҷамоати деҳоти Тугарак, ки лӯлитаборон аст, барои сафарбар намудан ба сафи Артиши миллӣ ва адои хизмати ҳарбӣ ҳавасманд гардид.Сафар Ҳафиза Раззоқ-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аснои сӯҳбат бо Нуғаев Илҳом ва модараш иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони бедордилу ватандӯст бояд хизмати Ватан -Модарро ба ҷо биёрад. Дар идома аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ ба Нуғаев Илҳом шаҳодатномаи сарбози ихтиёрӣ тақдим карда шуд.