КӮМАК БА ОИЛАҲОИ САРБОЗОНИ ШУҶОИ ВАТАН

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ дар арафаи иди Шарифи Рамазон ба оилаҳои сарбозони шуҷои Ватан аз ҷониби соҳибкорони хайрхоҳу саховатпеша кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.Саховатпешагон зимни кӯмак бо волидайни ин родмардон суҳбати самимона ороста, иброз доштанд, ки имрӯзҳо садҳо ҷавони боору номуси кишварамон бо амри дил ба хизмати Ватан-Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд. Онҳо сарсупурдаи Ватани худ баҳри ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ адои қарзи ватандорӣ карда истодаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, сулҳу ваҳдат, оромӣ дар кишварамон ҳукмфармо буда, мардум дар фазои орому осуда кору зиндагӣ доранд. Маҳз, бо ибтикории созанда ва сулҳпарваронаи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи қисмҳои низомӣ бо техникаву лавозимоти ҳарбӣ ва шароитҳои замони муосир таҷҳизонида шудааст. Ҳар як афсару аскари қаторие, ки дар ҳифзи сарҳад аст, хуб дарк мекунад, ки хизмат ба Модар - Ватан қарзест, ки аввалу охир надорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди бономуси Ватан ҳам фарзу ҳам қарз мебошад.Дар идома волидайни сарбозон барои чунин дастгириҳо ва ташаббусҳои инсондӯстона ба хайрхоҳона, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён карда, шукрона аз соҳибистиқлолии давлат ва шукуфоии Ватани хеш намуданд.