Идомаи Аксияи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Ватани азизи мо анъана аст, ки бо оғоз ёфтани фасли баҳор дар тамоми қаламрави мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ суръати тоза мегирад, ки ин амри хайр, бешубҳа, боиси боз ҳам сарсабзу обод шудани Ватани азизамон-Тоҷикистон мегардад.Баҳри сарсабзу зебо гардонидани ҳудуди ноҳия бо ин васила саҳм гузоштан дар сарсабзиву хуррамии як гӯшаи диёр дар маркази ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия Шарифзода Рамшед Раҳмон ва бо ҷалби як гурӯҳ ҷавонони фаъоли ноҳия хоҷагии ёрирасон барои нигоҳдории ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ ташкил гардид, ки дар рӯзи аввал зиёда аз 2300 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд.