ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ санаи 19.03.2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Литсей интернати барои хонандагони лаёқатманд”-и ноҳияи Восеъ ба хотири ҳифз ва нигоҳ доштани фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ инчунин ҷонибдорӣ аз аксияи “Тоҷикона мепӯшем” пӯшидани либоси миллӣ дар байни ҷавонон, зери унвонӣ “Тоҷикона мепушем” аксия баргузор гардид.Зимни чорабинӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ қайд гардид, ки аввалин шинохти таърих ва фарҳанги ҳар миллат бо либоси миллӣ оғоз мешавад. Либоси миллии мо аз қадимулаём то ба имруз атлас ва адрас аст, дар осори шоирон таҷассум ёфтааст. Зани тоҷик бо либоси миллӣ зеботар ба назар мерасад. Аммо солҳои охир духтарони тоҷик бештар аз либосҳои миллӣ ба либосҳои хориҷӣ тавваҷуҳ мекунанд. Як зани тоҷик набояд ба ҷои либоси миллии худаш ба либосе, ки аз на аз фарҳанги мост алоқа дошта бошад, зеро ин барои мо тоҷикон мардумӣ бо фарҳанги зебо ва арзишманд ҷаззобият надорад. Бинобар ин лозим аст, ки занону духтарони тоҷик қадри либоси миллиро бидонанд ва ба он эҳтиром бигузоранд, зеро ҳар як зани тоҷик бо пушидани либоси миллии худ шинохта шуда, мавриди эҳтиром аст.