Аксияи умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” баҳри шод намудани рӯҳи гузаштагон баргузор гардид

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо, эҳтирому арҷ гузоштан ба гузаштагони худ, инчунин бо ин роҳ тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи анъанаҳои неки миллӣ Аксияи умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ баргузор гардид.

Дар амалиёти мазкур сокинон, имомхатиб, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва ҳатто занони ҷамоати мазкур фаъолона иштирок карда, дохил ва атрофи қабристонро аз ҳар гуна партову хасу хошокҳо тоза намуда, дар ин амали хайр саҳми муносиби хешро гузоштанд.