Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва бо мақсади сабзу хуррам нигоҳ доштани ҳар як гушаву канори диёр ҳашари шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар атрофи варзишгоҳ воқеъ дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов гузаронида шуд.Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар атрофи варзишгоҳи марказии ноҳия зиёда аз 2000 бех ниҳоли сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд. Тавре сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Восеъ Фируз Нуралиев иттилоъ дод, дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва кормандони ҳифзи муҳити зисти ноҳия фаъолона иштирок намуданд.