“ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҳти ин унвон бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона бо иштироки гулдухтарони ноҳияи Восеъ ҷиҳати муарраифии либосҳои миллӣ аксияи тарғиботи роҳандозӣ гардид.Дар ин рӯз, гулдухтарон бо либосҳои миллӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия ба сайру гашт баромада, барои сокинон либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.