Соати сиёсӣ бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таълимии №4-и ноҳияи Восеъ бо иштироки Иботов Диловар-мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи “Соати сиёсӣ” баргузор гардид. Зимни баргузории “Соати сиёсӣ” оиди масъалаҳои мубрам аз қабили муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон, тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди мазмун ва мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, доир ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ, инчунин оиди ташаббуси 5-уми Пешвои муаззами миллат дар бораи “Ҳифзи пиряхҳо” ва дигар масъалаҳо суханронӣ карда шуд.Бояд қайд намем, ки амалиёти мазкур ташаббуси саривақти буда, баҳри рушд, ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинии миллии ҷавонон, мукаммал намудани донишу ҷаҳонбинӣ, эҳтирому арҷгузорӣ, адлу инсоф, хоксориву фурӯтанӣ, шуҷоату далерӣ ва ба ростгӯию росткории ҷавонон мусоидат менамояд.