АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва дар асоси барқияи телефонӣ аз 06 марти соли 2024, №1/2-08 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бо баргузории аксияи ҳизбӣ зери унвони "ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор" санаи 7 марти соли 2024 дар назди бинои маъмурии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули  ҳизбӣ аксияи ниҳолшинонӣ доир гардид.Бояд қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар тамоми ҳудуди ноҳия бо ҷалби аъзоёни ҳизб, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва дигар кормандони ташкилоту идораҳо корҳои ободониву созандагиро ташкил ва баргузор намоянд.