Истифодаи самараноки замин-рӯзгори ҳар шахсро беҳтар мегардонад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша – чорабиниҳо масъулини Кумитаи иҷрои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, баҳри беҳдошти зисту зандагонии мардум бетараф набуда, бо усули “Хона – ба хона” оид ба самаранок истифодабраии заминҳои наздиҳавлигӣ бо аҳолӣ суҳбат намуданд. Зимни боздидҳо маълум гардид, ки сокинони деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода намудаанд ва ягон ваҷаб заминро холӣ намондаанд. Ин мавсим онҳо дар заминҳои худ картошка кишт намудаанд.Зимни суҳбат таваҷҷуҳи сокинон ба истифодаи самараноки замин ҷалб карда шуда, масъулин иброз доштанд, ки барои беҳдошти зиндагии худ ва пайвандон ба икшту кор саҳми назаррас гузоред. Зеро меҳнати арзанда самараи хуб ба бор оварда, сатҳи рӯзгори ҳар сокини кишвар беҳтар мегардад.