“Соати сиёсӣ”-дарси ибратбахш барои ояндаи дурахшони хонандагон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар асоси амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби омӯзгорони ботаҷриба хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таълимии №34-и ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ, соати сиёсӣ баргузор гардид. Дар соати сиёсии баргузоргардида омӯзгорони ботаҷриба иштирок намуда, оиди мавзӯъҳои мубрами рӯз аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳм гузоштан дар ободиву зебогӣ, оиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оиди Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дигар мавзӯъҳо суханронӣ намуданд.