Сохтмони пул роҳи хонандагонро барои рафтан ба мактаб наздик кард.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони пулҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯпруки маҳаллаи навбунёди деҳаи Тосқалъа, ки дар ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ воқеъ мебошад аз ҷониби сокинони деҳа бунёд ёфта, ба истифода дода шуд. Баъди сохтмони ин купрук масофаи роҳ то мактаб барои хонандагон зиёда аз 1,5 километр наздиктар шудааст.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншоотҳо, таъмиру азнавсозии кӯпукҳо ва дигар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия бо суръат давом дорад.