Таъмири мизу курсиҳо дар муассисаҳои таълимӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ бо мақсади муҳайё намудани шароити хуби таҳсил таъмири таҷҳизотҳои муассисаҳои таълимӣ бо маром идома дорад. Мактаб боргоҳи илму дониш аст. Дар ҳолати хуб нигоҳ доштан ва саҳм гузоштан дар ободиву зебогӣ мактаб амали хайр ва вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ ба назар мерасад, ки тибқи дастури маъмурияти шуъбаи маорифи ноҳия корҳои таъмири мизу курсӣ ва дигар таҷҳизотҳо аз таъмири пурра бароварда шуда истодаанд. Ногуфта намонад, ки корҳои таъмир дар машғулиятҳои технологияи меҳнат бо мақсади равнақ додани интихоби касб аз ҷониби омӯзгорон дар якҷояги бо хонандагон амалӣ гардида истодааст. Бо ин васила масъалаи норасоии ҷойи нишаст ва аз таъмири пурра баровардани лавозимотҳои мавҷуда ҳалли худро ёфта, ҳамзамон хонандагон низ ба худ ҳунару касбро меомӯзанд.