Рафти корҳои хуррамгардонӣ дар боғчаҳои бачагонаи ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Ватани азизи мо анъана аст, ки бо омад омади фасли баҳор дар тамоми қаламрави мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ суръати тоза мегирад, ки ин амри хайр, бешубҳа, боиси боз ҳам сарсабзу обод шудани Ватани азизамон-Тоҷикистон мегардад. Вобаста ба ин дар боғчаҳои бачагонаи ноҳияи Восеъ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Зимни баргузории корҳои хуррамгардонӣ мураббия ва кормандони боғчаҳо ниҳолҳои сояафкани арча ва дарахтони мевадиҳанда шинонида,саҳми хешро  дар боз ҳам ободтару зеботар гардидани як гӯшаи ноҳия гузоштанд.Ёдовар мешавем, ки кабудзоркунӣ, шинондани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани ҳудуди ноҳия ба ҳукми анъанаи сокинони меҳнатдӯсту меҳанпарасти ноҳияи Восеъ гардидааст, ки пайваста кӯшиш менамоянд баҳри ободӣ ва зебогии диёр саҳми хешро гузоранд.