Насб намудани тахтаҳои электронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷроиш ва дар амал татбиқ намудани "Консепсияи гузариши ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2042" дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ насби тахтаҳои электронӣ аз ҷониби кормандони маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ ба роҳ монда мешавад.Инчунин ҳангоми насби тахтаҳои электронӣ тамоми барномаҳои дарсӣ, китобҳои электронӣ ва машғулиятҳои видеоӣ дар компютерҳо сабт карда мешавад, ки омӯзгорон дар рафти машғулиятҳо аз онҳо истифода мебаранд. Истифодаи тахтаҳои электронӣ дар раванди таълим имкониятҳои зиёд дорад ва тавассути ин таҷҳизотҳои технологӣ гузаронидани машғулиятҳо бисёр қулай аст. Раванди насб намудани тахтаҳои электронӣ , таъмири таҷҳизотҳои техникӣ ва насби барномаҳои компютерӣ аз ҷониби кормандони маркази технологияи информатсионӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода мешавад.

Ёдовар бояд гардид, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди маорифи ноҳияи Восеъ ба таъминоти назорат ва таъмири технологияи муосир дар соҳаи маориф нигаронида шудааст. Ба ин хотир, мутахассисон ва намояндагони Маркази мазкур бо муассисаҳои таълимӣ корбарӣ намуда, ҷиҳати муҷаҳҳазгардонӣ ва кумаки омӯзгорони фанни технологияи информатсионӣ саҳми худро гузошта истодаанд.